Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

Аз 16-уми июл то 20-уми августи соли 2018 дар байни 355 китобхонаи низоми фарҳанги шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» баргузор мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 18.06.2018,№262 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018,  ҳамчунин ба ифтихори 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони  Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ баргузор хоҳад шуд.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» бо 12000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Ҳамзамон соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 10000 сомонӣ, 8000 сомонӣ ва 6000 сомонӣ қадршиносӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад