Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ»

( 0 Овоз )

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об баргузор гардид.

Тавре аз маркази таҳсилоти иловагии вилоят иттилоъ доданд, анҷумани мазкур  аз се бахши асосӣ иборат буда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии №10 шаҳри Хуҷанд, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон, Литсейи №2 ва Гимназияи №1 ноҳияи Ашт, МТМУ№1 ноҳияи Айнӣ низ иштирокнамуданд.

Дар доираи чорабинӣ озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» низ баргузор шуд ва дар он хонандагони Литсейи №2 ноҳияи Ашт соҳиби шоҳҷоиза гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ»