Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад

( 1 Овоз )

Дар вилояти Суғд миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” доир мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 июни соли 2018, № 261 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносию худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ ва ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 140 - солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гузаронида хоҳад шуд. Дар озмун хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, ки ҳамчун истифодабарандаи расмии ин ё он китобхона ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали озмун моҳи июни соли равон оғоз гардида, то 20 август идома меёбад. Даври дуюми озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” рӯзҳои 3 ва 4 сентябр доир гардида, ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун дар ду бахш – хонандаи мактаб ва донишҷӯ муайян гардида, ба ду ғолиби асосии озмун ба миқдори 2000 сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 1500 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад