Хабарҳо
Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун - 14.11.2018 23:14
Паём ба ҲНИ, Кимиёи саодат, паём.нет, ахбор.ком ва амсолуҳум бинобар кушодашавии НБО «Роғун» - 14.11.2018 23:13
Миллати созанда тӯй дораду наҳзати сӯзанда мотам - 14.11.2018 23:02
Праздник в Таджикистане для «Паем.нет», «Ислох.нет», «Ахбор.ком», Кабири, Юнусу слепому и КСИР это несчастье. - 14.11.2018 21:22
Объявление: Траур в Партии исламского возрождения - 14.11.2018 21:14
НБО-и "Роғун" натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст - 14.11.2018 18:32
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фидоии беназири миллат - 14.11.2018 18:22
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун» - 14.11.2018 17:23
Рақси резабофӣ бахшида ба Роғун (Пешниҳоди шохаи Истаравшанӣ барои ҷашни НБО «Роғун») - 14.11.2018 17:23
НБО РОЃУН - ФОЉЕА БАРОИ «AKHBOR.COM» - 14.11.2018 17:23

Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти 163-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки адибону олимони номвар,донишҷӯён ва мухлисони асили каломи бадеъ баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов маҳфилро оғоз бахшида,чеҳраи маъруфи адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рухсора Давлатзода ба таърих ва арзиши маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” руҷӯъ намуда, ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро мояи ифтихори аҳли маҳфил арзёбӣ кард.

Аз рӯи нақшаи кори маҳфил дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” адабиётшинос Субҳон Аъзамзод баромад карда, китобҳои тозанашрро муаррифӣ кард.

Сипас, гузориши илмии адабиётшиноси маъруф Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Ҳамзоди тӯфон”, ки ба зиндагинома ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор бахшида шуда буд, шунида шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор бо иштирокдорони маҳфил сӯҳбати озод намуд. Ӯ дар бораи адабиёт, шеър, ҳунари шоирӣ андешаҳои худро баён карда, аз суханварони мумтоз чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир  ва дигарон ёд кард. Дар радифи суханварони муосир дар бораи мақому манзалати Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карда, ӯро нигине дар ангушти миллат номид. Ҳозирин ба силсилаи зиёди суолҳои худ аз шоира ҷавоб гирифтанд.

Шоири Халқии Тоҷикистон, раиси суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод шоираро хайрамақдам гуфт ва барои меҳмон ду китоби пурарзиш “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ ва “Девон” –и Сайфи Исфарангиро ҳадя кард.

Дар идомаи маҳфил Шоири  халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи шеъри Гулрухсор андешаҳои худро иброз дошта, беҳтарин адибони вилоятро, ки дар ҷодаи шеър қаламфарсоӣ мекунанд, муаррифӣ намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷавонон ворисони арзандаи суханварони номвари тоҷик хоҳанд буд. Муҳаққиқи ҷавон Умеда Абдурашидова, ки рисолаи илмии худро перомуни осори Гулрухсор дифоъ кардааст, аз хусусиятҳои баргузидаи ашъори шоира сухан намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона