Хабарҳо
Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун - 14.11.2018 23:14
Паём ба ҲНИ, Кимиёи саодат, паём.нет, ахбор.ком ва амсолуҳум бинобар кушодашавии НБО «Роғун» - 14.11.2018 23:13
Миллати созанда тӯй дораду наҳзати сӯзанда мотам - 14.11.2018 23:02
Праздник в Таджикистане для «Паем.нет», «Ислох.нет», «Ахбор.ком», Кабири, Юнусу слепому и КСИР это несчастье. - 14.11.2018 21:22
Объявление: Траур в Партии исламского возрождения - 14.11.2018 21:14
НБО-и "Роғун" натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст - 14.11.2018 18:32
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фидоии беназири миллат - 14.11.2018 18:22
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун» - 14.11.2018 17:23
Рақси резабофӣ бахшида ба Роғун (Пешниҳоди шохаи Истаравшанӣ барои ҷашни НБО «Роғун») - 14.11.2018 17:23
НБО РОЃУН - ФОЉЕА БАРОИ «AKHBOR.COM» - 14.11.2018 17:23

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд

( 0 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 12 июни соли 2018, №250 “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят” ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, пас аз хулосаи мусбати комиссияи экспертӣ бо мукофоти пулии яквақтаи зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали тилло гардидааст, 10 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали нуқра гардидааст, 7 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали биринҷӣ гардидааст, 3 000 сомонӣ.

Ҳамзамон хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 2 000 сомонӣ, 1 000 сомонӣ ва 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят низ бо дарназардошти дастовардҳои хонандагонаш бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2 000 сомонӣ то 6 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Дар асоси банди чоруми қарори мазкур ба суратҳисоби муассисаҳои таълимии вилоят, ки хонандагонаш аз ҳама бештар дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд, аз 3 000 то 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд