Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ моҳи декабри соли равон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 июни соли 2018, №251 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур дар ду давр баргузор мегардад ва дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд иштирок намоянд.

Ба се нафар гирандагони ҷойҳои ифтихории бахши “Донишҷӯи соли муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” мутаносибан 1 000 сомонӣ, 2 000 сомонӣ ва 3 000 сомонӣ ва ба “Донишҷӯи соли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” 800 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 2 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад