Хабарҳо
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмии донишгоҳӣ бо иштироки устодону магистрантон доир гардид.

Сараввал, ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо туфайли заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони кишварамон ваҳдати миллӣ имрӯз дар мамлакат пойдор буда, омили асосии сарҷамъи тамоми қишрҳои ҷомеа гардидааст.

Сипас, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи «Ҷавонон ва сулҳу ваҳдати тоҷикон», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зарина Раҳматова таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ омили муҳими рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва магистранти соли дуюми ихтисоси сиёсатшиносӣ Ҳаётҷон Қурбонов дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули худшиносӣ» маърузаҳои илмӣ намуданд. Маърӯзачиён оид ба истиқлолияти давлатӣ ва воридшавии кишвар ба марҳалаи нави тараққиёт, пойдории истиқлолият ва рушди давлатдорӣ, заминаи аслии ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, ҳокимияти конститутсионӣ ва устувории он, густариши худшиносии миллӣ, манфиатҳои умумимиллӣ, ташаббускорӣ ва ғояҳои созандаи ҷавонон дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ иброз дошт, ки рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва дар маҷмӯъ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, маҳз самараи ваҳдатанд. Аз ин рӯ, ваҳдату ризоият барои миллати мо заминаи асосии ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд