Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон бо иқдоми раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» ярмарка доир гардид.

Дар ярмаркаи мазкур барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо иштирок доштанд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори донишкада Хуршед Мақсудов таъкид дошт, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Мавсуф афзуд, ки донишкада бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор робитаҳоро мустаҳкам менамояд.

Сипас, мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони корхонаҳо бо хатмкунандагони донишкада сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо тариқи видероликҳо нишон дода, барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисонро интихоб намуданд.

Дар натиҷа зиёда аз 50 хатмкунанда ҳамчун корманд номнавис гардиданд ва қарор аст, ки онҳо рӯзҳои наздик бо ҷараёни фаъолияти корхонаву муассисаҳо ошно шуда, роҳи ояндаи худро муайян намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд