Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Машварати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

( 1 Овоз )

8 июни соли равон дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласае васеъи гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми майи соли равон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи ин Амр гуруҳҳои корӣ вазифадор гардидаанд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда, иҷрои онро то 1-уми сентябри соли 2021 таъмин намоянд. Тибқи Амри Президенти мамлакат ба шаҳри Хуҷанд Олимзода Насим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳ таъин гардида, мо дар якҷоягӣ баҳри пеш бурдани фаъолияти самаранок азму кӯшиш хоҳем намуд.

Раиси шаҳр афзуд, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи қитъаи «Чароғонкунӣ»-и шаҳр нисбати нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 670 адад лампаҳо, 7080 метр ноқилҳои барқӣ, симҳои барқӣ 700 метр, 508 дона чаро-ғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ иваз ва насб карда шуд. Аз тарафи корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 900 адад решаҳои дарахтони бисёрсолаи буридашудаи канори роҳу хиёбонҳои шаҳр барканда, ба ҷойи онҳо дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.Тибқи нақшаи таъмири роҳхои автомобилгарди ҳудуди шаҳр дар соли 2018 бояд, ки 32,5 км роҳҳо таъмир карда шаванд. То имрўз зиёда аз 5,5 км роҳҳо таъмир карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд.

Сипас, Олимзода Насим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд вазифаҳои муҳими аъзои гуруҳи кориро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Машварати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд