Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Дар шаҳри Бӯстон Маркази савдои "Самарқанд" ба фаъолият оғоз кард

( 0 Овоз )

6 июни соли 2018 дар шаҳри Бӯстон калонтарин маркази савдо ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи маркази савдо раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода ва аҳолии маҳал ширкат намуданд.

Нахуст роҳбари шаҳр оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, ифтитоҳи калонтарин маркази савдоро дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ фоли нек арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода оид ба таъмини шароити арзанда ба сокинони кишвар аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми навбатии соҳибкорони шаҳри Бӯстонро дар заминаи баргузории мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар муфид арзёбӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки маркази савдои мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулаҳай Шарипов таҷдид ва азнавсозӣ гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Маркази савдои мазкур дар заминаи барқарории равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рамзи таҳкими дӯстиву рафоқат бо кишвари ҳамсоя “Самарқанд” номгузорӣ карда шуд.

Маркази савдои мазкур дар кӯчаи А.С.Пушкин воқеъ буда, яке аз калонтарин марказҳои савдои шаҳр ба ҳисоб меравад, ки сокинон имкони харидории тамоми маҳсулотро бо нархҳои дастрас аз он пайдо хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Бӯстон Маркази савдои "Самарқанд" ба фаъолият оғоз кард