Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Хуҷанд. Дастраснамоии раводид ба Олмон ва кишварҳои Аврупо осон гардид

( 0 Овоз )

5 июн Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер – Виссинг дар доираи барномаи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген иштирок ва суханронӣ намуд.

Маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон аз ҷониби ҶДММ «Дунёгард» амалӣ карда шуда, он дар ошёнаи 3-юми бинои «Казкомерсбонк» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Давоми 15 рӯзи корӣ шаҳрвандон метавонанд раводиди худро аз ин марказ дарёбанд. Ширкати «Дунёгард» ба мазмуну муҳтаво ва қабулу раднамоии раводид алоқаманд набуда, танҳо хизматрасонии интиқолдиҳии ҳуҷҷатҳоро амалӣ месозад.

Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар маросими оғози фаъолияти маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген гуфт, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳавасманди ҳарчи содда ва зудтар дастраснамоии раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Барои сокинони шаҳри Хуҷанд ин марказ имконоти хуберо муҳайё месозад, зеро шаҳрвандон бидуни харҷи иловагӣ ва масрафнамоии вақти зиёд ба раводид соҳиб мешаванд. Гузашта аз ин харҷи роҳкиро низ зимни сафар ба давлати Олмон нисбати дигар минтақаҳо аз шаҳри Хуҷанд арзонтар аст.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати дарҳои кушоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бидуни мамоният ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон сафар намоянд. Тадбири имрӯза, яъне ифтитоҳи маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад, имкон медиҳад, ки мардум бо василаи соддаву осон раводидро дастрас намоянд. Гузашта аз ин барои соҳибкорону тоҷирон баҳри рушди тиҷорат ва дарёфти бозорҳои нави молу коло низ мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Дастраснамоии раводид ба Олмон ва кишварҳои Аврупо осон гардид