Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

( 0 Овоз )

22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 –юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намудаву соҳиби мақоми аввал гаштанд ва Парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналхалқӣ боло бардоштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони макотиби шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола ба даст оварданд.

Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.

Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат - Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта,тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд