Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Олимҷон Мамадҷонов соҳиби “Шоҳҷоиза” – и озмуни байналхалқии “Бозторғай” гардид

( 1 Овоз )

Бо дастгирии роҳбарияти вилоят се нафар наврасони соҳибҳунари вилояти Суғд дар озмуни байналхалқии “Бозторғай”, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, иштирок намуда, санъати миллии мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Дар озмун кӯдакону наврасони аз 5 то 18 сола ҳунарнамоӣ карданд, ки миёни онҳо наврасони вилояти мо соҳиби “Шоҳҷоиза” ва ду ҷойи аввал шуданд.

Олимҷон Мамадҷонов-донишҷӯйи соли аввали Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар озмуни байналхалқии “Бозторғай” ба гирифтани “Шоҳҷоиза” мушарраф шуд. Миҷгона Иброҳимова-донишҷӯйи соли аввали Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Зулфиқор Дадобоев - ҳунаромӯзи мактаби санъати №2 шаҳри Хуҷанд ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Дар озмуни мазкур аз 15 давлати дунё беш аз 700 нафар ширкат намуда, фарҳанги халқи хешро муаррифӣ карданд. Наврасони соҳибзавқи вилояти Суғд санъати баланди навозандагӣ ва сарояндагии хешро намоиш дода, баҳои баланди ҳакамон ва кафкӯбии мухлисонро ноил шуданд.

Иштирокчиёни наврас аз вилояти Суғд, ки Тоҷикистонро дар ин озмун муаррифӣ намуданд, бо сари баланд ва ҷоизаву туҳфахои арзанда ба Ватан баргаштанд. Қобили зикр аст, ки онҳо ба озмунҳои бонуфузи дигари дунё чун Булғорияву Итолиё даьватнома гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Олимҷон Мамадҷонов соҳиби “Шоҳҷоиза” – и озмуни байналхалқии “Бозторғай” гардид