Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Тақвияти ҳамкориҳо. Гурӯҳи меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангон аз ноҳияи Ашт боздид намуданд

( 0 Овоз )

2 июни соли равон бо мақсади тақвияти дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳо гурӯҳи 13 нафараи меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмононро дар сарҳади ноҳияи Ашт роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия истиқбол намуданд.

Зимни сафар меҳмонон бо сарварии раиси ноҳияи Поп Аъзамҷон Султонов аз коргоҳи коркарди пахта ва фермаи ҶДММ “Рахшона”, хоҷагии деҳқонии “Куҳсор”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ҶДММ “Зардолу ва компания”, коргоҳи коркарди “Санги Хоро”, масҷиди “Нури Имон”, Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, муҷассамаи “Модари маҳзун”, мавзеи истироҳатӣ-сайёҳии “Чинорбобо”  боздид намуда, бо фаъолияти кишоварзону саноатчиён ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ноҳияи Ашт аз наздик шинос шуданд.

Сипас, меҳмонон ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт омада, зимни суҳбат барои қабул ва меҳмондорӣ ба роҳбарияти ноҳияи Ашт арзи миннатдорӣ намуданд. Аз тарафи меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду ноҳияи ҳамсарҳад ба роҳбарияти ноҳияи Ашт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тақвияти ҳамкориҳо. Гурӯҳи меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангон аз ноҳияи Ашт боздид намуданд