Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанду Истиқлол ва Бӯстону Гулистон

( 0 Овоз )

Бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони рамазонии мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Масалан нархи гушт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 5, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

Бо назардошти иҷрори дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар аз ҷониби ширкати "Роҳи сомон" ин ҳафта низ беш аз 600 халта орди 50 килогӣ бо маблағи 110 сомонӣ дар ду мавзеъи шаҳр:микроноҳияи 20 ва назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ пешкаш намуд.

Маҳсулоти қаннодии истеҳсоли шаҳри Душанбе бо нархҳои дастрас низ ба ярмарка манзур карда шуд.

Чунин ярмаркаҳо ҳамзамон дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва Истиқлол низ баргузор гардид.Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ то анҷоми моҳи шарифи Рамазон ташкил мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанду Истиқлол ва Бӯстону Гулистон