Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Беш аз 8600 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаҳои солимгардонӣ ва истироҳату фароғати кўдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷалби кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳатгоҳҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Дар назар аст, ки дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар лагерҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ, истироҳатию меҳнатӣ, солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ ва лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ зиёда аз 75000 нафар кўдакону наврасон фаро гирифта шаванд. Аз шумораи умумии кӯдакону наврасоне, ки ба истироҳат фаро гирифта мешаванд, беш аз 1000 нафарашон кўдакони ятиму бепарастор ва беш аз 7600 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд ва онҳо ройгон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб мешаванд.

Ҷоизи зикр аст, ки бо таваҷҷўҳ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли 2018-ум 100 нафар кўдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ройгон ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд ва ин тадбирҳо минбаъд низ идома дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Беш аз 8600 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд