Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Дар Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷаҳони орзу» мавриди истифода қарор гирифт

( 1 Овоз )

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истиқболи самимӣ аз Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова дар шаҳри Хуҷанд як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» бунёд ва ба истифода дода шуд.

Дар муассисаи навбунёд тамоми имконот ва шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 80 нафар кӯдакон ба он фаро гирифта шудаву наздик 20 нафар мураббиёну кормандон ба кор қабул карда мешаванд.

Маросими ифтитоҳи кӯдакистон имрӯз бо ҳузури роҳбарияти шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Фарангис Исмоилова, муассиси кӯдакистони нав барои дастгирии доимӣ ва мусоидат ҷиҳати ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи кӯдакони ватандӯсту меҳнапарвар аз тамоми имконоту васила истифода намуда, ба ободии сарзамини азизамон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани "Ҷаҳони орзу" шумораи кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд ба 42 адад расид ва 10 адади онҳо хусусӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷаҳони орзу» мавриди истифода қарор гирифт