Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Суғд: Ба муносибати моҳи Рамазон ба 7600 оилаи ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли равон бо таъкиди он ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад”, масъулинро вазифадор намуда буданд, ки ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳз бо мақсади иҷрои супориши мутазаккираи Пешвои миллат тасмим гирифт, ки ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ - 475, Ашт - 572, Бобоҷон Ғафуров - 925, Бӯстон - 66, Гулистон - 138, Деваштич - 631, Зафаробод - 257, Истаравшан - 908, Исфара - 552, Истиқлол - 25, Конибодом - 594, Куҳистони Мастчоҳ - 87, Мастчоҳ - 400, Панҷакент - 920, Спитамен - 206, Хуҷанд - 473, Ҷаббор Расулов - 276 ва Шаҳристон - 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба он кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, расонида мешавад.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳия идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба муносибати моҳи Рамазон ба 7600 оилаи ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад