Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Ба Инсон арҷ гузорем

( 0 Овоз )

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат санаи 12 майи соли равон  баргузор гардид, аз лиҳози вусъат, фарогирии масъалаҳо ва қаробат ба зеҳну тафаккури табақаҳои гуногуни ҷомеа қобили таваҷҷуҳ буд.

Инсон ва таҳкими ҷаҳони маънавӣ, арзишҳои диниву дунявӣ, вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон ҳамчун айёми амалҳои хайру савоб, тақвияти мубориза алайҳи терроризму экстремизм аз умдатарин бахшҳои суханронии Пешвои муаззами миллат буданд. Агар дар маҷмӯъ нигоҳ кунем, дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат, пеш аз ҳама, инсон меистад, инсоне, ки маскуни гаҳвораи умумии башарият  - рӯи Замин аст ва на дар маҳдудаи ин ё он макони ҷуғрофӣ  зиндагӣ мекунад. Ба ин маънӣ, дар суханронӣ  дардҳои ҷомеаи имрӯзи башар ба таври фасеҳу возеҳ баён гардиданд.

Бо назардошти он ки ин  суханронӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, Пешвои миллат асоси ҳикмати маънавии ин моҳро «ғолибияти ақл бар нафс» маънидод карданд, ки комилан дуруст буда, аз ҳикматҳои беш аз ҳазорсолаи инсон  ва таълимоти дини мубини ислом, ки «нафс таҳриккунанда ба сӯи бадиҳост» - мегӯяд, сарчашма мегирад. Дар ин бора Мавлоно мегӯяд:

Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,

Бингар андар  мусҳаф, он чашмат куҷост?

Боиси таъкид аст, ки андешаҳои Пешвои миллат дар доираи андешаҳои мутафаккирони як халқу миллат маҳдуд набуд, балки дар зимни ин суханронӣ садҳо китобу рисолаҳо ва афкори ахлоқии башар таҷаммӯъ ёфта, дар суханҳои зерин: «ҳадафи ҳамаи динҳо тарбияи инсони комил аст» ба хубӣ ифода ёфта буд.

Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Президенти маҳбуби мамлакат баён гардид, тағйирёбии иқлим, нақши инсон дар он ва паёмадҳои он дар зиндагии башар буд. Дар ин бахш бо мисолҳои мушаххас оид ба норасоии обу ғизо ва ҳалокати ҳазорон одамони сайёра, ки бар асари муносибати ғайриоқилонаи инсон бо табиат – хонаи умумии башарият ба тасодум ва буҳронҳои маънавию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ мегардад, изҳори назар карда шуд. Танҳо ҳамин ишораи Пешвои миллат, ки дар 70-80 соли охир тасарруфи инсон ба табиат ва тағйироти олам ба дараҷаест, ки дар зарфи мавҷудияти даҳҳазорсолааш мушоҳида нагардидааст, ҳар як сокини рӯи Заминро ба андеша водор мекунад.

Инсон, муаммоҳои ҷаҳонишавӣ, низоъҳо ва таъсири онҳо дар зиндагии инсоният. Таҳлили ин бахши андешаҳои Сарвари давлат низ, ки бо далелҳои қотеъ ва дақиқи илмӣ сурат гирифт, инсонро ба шинохти неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, оромию осудагӣ, дӯст доштани Ватан ва арзишҳои он  раҳнамоӣ мекунад.  Зеро, имрӯз воқеан ҳам, инсониятро доман паҳн кардани ин падидаи номатлуб  ба ташвиш овардааст, ки ба сурати як навъ ориза, агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад. Ин  масъала идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ 4 майи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Заминаи аслии ин зуҳуроти нигаронкунанда нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба Инсон арҷ гузорем