Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Волидони наваскарон бо шароитҳои қисми ҳарбӣ шинос гардиданд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми сарҳадии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ чорабинии идона гардид.

Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия иттилоъ доданд,  дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуда, сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуданд. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон барои иҷрои қарзи фарзандии худ сарбаландона хизмат менамоянд. Дар ин рӯз ҳамчунин 80 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии хешро ҷиҳати адои хизмати Ватан баён доштанд.

Дар чорабинӣ волидайни наваскарон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Варзоб,Рӯдакӣ, Темурмалик, Турсунзода, Ҳисор, Деваштич ва Истаравшан иштирок намуда, бо шароитҳои мавҷудаи қисми ҳарбӣ шинос шуданд. Волидони наваскарон бо изҳори қаноатмандӣ аз шароитҳои фароҳамшуда ба фарзандони худ ҷиҳати анҷоми хизмат комёбиҳо таманно карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Волидони наваскарон бо шароитҳои қисми ҳарбӣ шинос гардиданд