Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

«Саодати миллат дар Ваҳдат аст» - баргузории маҳфил дар Конибодом

( 0 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Саодати миллат дар Ваҳдат аст» маҳфил доир шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар маҳфил котиби Шӯрои шаҳрии Ҳаракати  ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳанифа Юсупова ва аъзоёни Шӯро Мавҷуда Турсунова, Раъно Ҷӯраева ва Малика Назарова сухан гуфта, бо ёдоварӣ аз солҳои мудҳиш таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри сулҳ ва ваҳдат бирасад.

-Моро зарур аст, ки бо  шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда ва сулҳу ваҳдати пойдор дар пешрафти ҷамъият ва ватани соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузорем, - зикр дошт котиби Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳанифа Юсупова.

Аз ҷониби иштирокдорони маҳфил қайд гардид, ки бо баракати сулҳу ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ гардидааст, ки гувоҳи соҳибэҳтиромии миллати тоҷик мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Саодати миллат дар Ваҳдат аст» - баргузории маҳфил дар Конибодом