Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маросими супоридани стипендияи раиси шаҳр ба ҷавонони лаёқатманд маърӯза намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони кишвар шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки имрӯз мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон дар фазои орому осоишта, дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо бо меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза зиндагӣ намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.

Раиси шаҳр гуфт, ки дар соли таҳсили 2017-2018 дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 31 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла, ҷойи якум - 7 нафар ҷойи дуюм - 9 нафар ва ҷойи сеюм 15 нафар, дар олимпиадаи байналмиллалӣ ба гирифтани 19 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла ҷойи якум 4 нафар, ҷои дуюм 2 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар, олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ 69 ҷойи ифтихорӣ ҷойи якум 10 нафар, ҷойи дуюм 43 нафар ва ҷойи сеюм 16 нафар буда, дар миқсёи вилоят дастаи мактаббачагони шаҳр сазовори мақоми якум гардиданд.

Сипас, раиси шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони фаъол стипендияҳои раиси шаҳри Хуҷандро супорид.

Хонандаи МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд Фарзона Султонова ва донишҷуйи ДДҲБСТ Мирзоҷон Мирзобоев аз чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо кору пайкори созанда Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу зебо менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард