Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд

( 0 Овоз )

Соли равон Варзишгоҳи деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара макони баргузории тантанаҳои умумишаҳрӣ интихоб ва дар ин макон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои идона доир шуд.

Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Илёсзода раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар маркази шаҳр, баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори доимӣ ба ҷавонони бешуғл ва намоиши дастранҷи ҳунармандони бо истифодаи қарзҳои хурди имтиёзнок ба соҳибкорӣ машғулбуда, оғозбахши тантанаҳои идона буданд.

Дар раванди ҷамъомади бошукӯҳи идона, ки дар варзишгоҳ бо ширкати беш аз 3000 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара сурат гирифт, аҳли ҷамъомад ва дар симои онҳо кулли ҷавонони саодатёри шаҳру деҳоти Исфараро ба муносибати Рӯзи ҷавонон раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин самимонаву сидқан шодбош гуфт.

Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷўҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд ва ҳамзамон бо зикри дастовардҳои ҷавонони Исфарамарз дар самту соҳаҳои гуногун ба 21 нафар толибилмони фаъоли муассисаҳои таълимӣ идрори раиси шаҳри Исфараро тақдим намуд.

Табрикоти идонаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷавонони Исфара намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло расонид.

Саломзода Сиҷоуддин дар интиҳо изҳори умедворӣ аз он намуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Барномаи ҷолиби фарҳангие, ки саршор аз созу навои ҷавонӣ буд, тантанаи идонаро шукӯҳи тозае бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд