Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

22-уми май ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт чорабинии идона доир шуд, ки дар он беш аз шаш ҳазор нафар ҷаавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Фаррух Мақсудзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ҷавононро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонид. Ҷавонони ноҳияро ҳамзамон раиси ноҳия Зариф Мирдадо бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, аз дастгириҳои давлатии ҷавонон ёдоварӣ кард. Сипас, ба 13 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми босазо гузоштаанд Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 45 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендияи раиси ноҳия супорида шуд. Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури иштирокдорон гардид.

Ҷоизи зикр аст, ки дар ин рӯз ҳамзамон зиёда аз 1000 нафар ҷавонони ноҳия дар шоҳроҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон раҳпаймоии идона намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт