Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

22 май дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки васеи ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун чорабинии бошукуҳи идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ҷавононро ба самъи ҷавонони шаҳри Бӯстон расонид. Қайд карда шуд, ки "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳварии фаъолияти худ қарор додаанд".

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ҷавонони хушиқболи шаҳрро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, муваффақиятҳои беназир таманно намуд. Номбурда оид ба дастгирии давлатии ҳамешагии ҷавонон ибрози назар намуда, аз саҳмгузории онҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муаррифии Тоҷикистони маҳбуб дар арсаҳои гуногун ёдовар гардид.

Дар фазои тантанавӣ ба 22 нафар ҷавонони фаъол стипендияи номии раиси шаҳр, ба 9 нафар донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон гувоҳнома барои иштирок дар ҳафтаи идоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба 18 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр-ҷавонони фаъол, ғолибони озмун ва чорабиниҳои гуногунсатҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр, ки аксаран ҷавонони хушиқбол буданд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон