Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар  Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маъраз гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳонаш зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо  баҳои баланд доданд. Ҳамзамон  аз ҷониби вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сухани ифтитоҳии Нуриддин Саид оғоз гардид.

Муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ оид ба вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  гузориш дод.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев зимни таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот олиии вилоят зикр дошт, ки барои боз ҳам хубтару самараноктар гузаштани ҷараёни машғулиятҳо бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ воситаҳои аёниии муосир бештар истифода шаванд.

Даар ҷаласа инчунин гузоришҳои муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар  Комил Исоев, директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» Киромиддин Назаров, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази милли тестӣ, вазъи таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Нуриддин Саид дар рафти ҷаласа оид ба бартараф намудан камбудиҳои мавҷудаи соҳа андешаҳои худро  баён дошт. Бино ба таъкиди вазир муассисаҳои таҳсилотии вилоят баробари дастовардҳои назаррас аз камбудиҳо орӣ нестанд ва ислоҳи саривақтии онҳо пешбурди фаъолиятро дар соҳа таъмин менамояд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба ҳайати гурӯҳҳои кории Вазорат барои таҳлили ҳаматарафаи соҳа ва пешниҳоди таклифҳои ҷолиб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф минбаъд низ таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор хоҳад гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон