Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Дастаи хонандагони вилояти Суғд дар 40-умин сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо наздик 300 нафар хонандагон бомуваффақият иштирок намуда, бо касби 276 ҷойҳои ифтихорӣ,  сазовори ҷойи аввал дар ҷумҳурӣ гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо, ки дар Мактаби байналмиллалии Президентии шаҳри Душанбе баргузор гардид, наздик 1200 нафар хонандагон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, водии Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ ва аз вилояти Суғд иштирок доштанд.

Тибқи низомнома хонандагон корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро омода намуда, тариқи слайд, айёниятҳо, кори илмӣ ба аъзои ҳакамон муаррифӣ намуданд. Дар ҷамбаст ба хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд муяссар гардид, ки 56 нафар узви вобаста, 47 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо гарданд. Инчунин хонандагони мактабҳои вилоят 77 ҷойи аввал, 42 ҷойи дуюм, 24 ҷойи сеюмро сазовор гардида, дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон