Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Хуҷанд. Бо роҳхати шаҳрдорӣ 9 оила ба саёҳати Самарқанд рафтанд

( 0 Овоз )

9 оилае, ки бо роҳхати шаҳрдории Хуҷанд ба саёҳати шаҳри бостонии Самарқанд рафта буданд, шоми дирӯз ба Хуҷанд баргаштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки зимни таҷлили Рӯзи оила дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба 9 оилае, ки ҳамзистии 50- сола, 40-сола, 20-сола доранд, инчунин оилаҳое, ки дар озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, роҳхат супорида шуда буд.

Оилаи Бобоҷоновҳо, Қосимовҳо, Аброровҳо, Бобочоновҳо, Гадоевҳо, Курбоновҳо, Ашўровҳо, Атоевҳо ва Тоҳировҳо ба Самарқанд сафар намуда, аз мавзеъҳои таърихии Самарқанди бостонӣ, аз ҷумла, Регистон, мақбараҳои Имом Ал Бухорӣ, Шоҳи зинда, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Гури Амир, масҷиди Ҳазрати Хизр, Хона музейи Садриддин Айнӣ, маҷмааи оромгоҳи Ислом Каримов, маконҳои фарҳангию фароғатӣ, бозори «Сиёб» ва ғайра боздид намуданд.

Оилаҳои сафарбаршуда аз ин таваҷҷуҳу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сипосгузорӣ намуда, миннатдориашонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Бо роҳхати шаҳрдорӣ 9 оила ба саёҳати Самарқанд рафтанд