Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Дар маркази вилоят Форуми муштараки доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея доир шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

17 майи соли равон бо мақсади иштирок дар Форуми муштараки доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея ҳайати соҳибкорон ва намояндагони Кореяи ҷанубӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Гуруҳи меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии «Патар»-и шаҳри Конибодом намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом истиқбол намуданд. Сипас, бо роҳбаладии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ гуруҳи меҳмонон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи «Арча» аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба таърихи ташкилёбии корхона, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар самти фаъолият маълумот дода шуд.

Баъди боздид аз корхонаи мазкур дар Кохи матбуоти маркази вилоят бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея Бизнес-форум баргузор шуд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба  Суғди бостон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи меҳмонон ба рушди муносибатҳои дуҷонида такони ҷиддие хоҳад бахшид. Тавре қайд карда шуд, ташрифи ҳайати соҳибкорон ва намояндагони Ҷумҳурии Корея ба вилояти Суғд бо мусоидати сафири Тоҷикистон дар Корея ба вуқӯъ пайваста аст. Ин иқдоми нек барои шинос гардидани меҳмонон бо имкониятҳои вилоят ва ба хусус дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фоли нек арзёбӣ карда шуд.

Намояндагони Ҷумҳурии Корея аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории Бизнес-форум дар оянда самараи нек ба бор хоҳад овард.

Ба меҳмонон имкониятҳои вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ чашмрас буда, рушди соҳаи саноат, дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон яке аз масъалаҳое мебошад, ки ба он афзалияти бештар дода мешавад.

Роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” зимни муаррифии зарфиятҳои ин минтақа гуфт, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз онҳо дар вилояти Суғд мебошад. Ҳоло дар ин минтақа 24 корхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти босамар доранд. Баъди муаррифии зарфиятҳои иқтисодии вилоят меҳмонон вобаста ба самти фаъолияти хеш маълумот доданд ва барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея мулоқоту гуфтушунид сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар маркази вилоят Форуми муштараки доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Корея доир шуд