Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Дар даромадгоҳи шаҳри Исфара пас аз таҷдид рамзи шаҳр насб мегардад

( 2 Овоз )

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар доираи "1300 рӯзи меҳнати зарбдор", ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Аз ҷумла, бо иқдоми роҳбарияти шаҳр даромадгоҳи шаҳри Исфара мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва фарҳанги шаҳрдорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дошта, як моҳ пас аз ин симои комилан тозае ба худ хоҳад гирифт. Дар ин ҳудуд сохтмони иншооти пазиройии меҳмонон, ҷойи дамгирӣ ва  истгоҳи мошинҳо, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғи ҳозиразамон, кабудизор ва гулзорнамоии қитъаҳои замини атрофи он аз ҷониби бинокорони гулдасти Ширкати сохтмонии Исфара сурат мегирад. Дар пештоқи иншоот рамзи Исфара, ки аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардидааст, насб мегардад.

Ҷойизи зикр аст, ки дар амалӣ шудани ин иқдоми созандаю бунёдкорона ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр низ бо амри дилу эҳсоси баланди ватандорӣ амалан саҳмгузорӣ мекунанд. Бино ба иттилои муовини раиси шаҳр Собит Умарзода арзиши лоиҳавии корҳои сохтмонӣ тақрибан 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи шаҳрдорӣ сокинони шаҳр тантанаҳои идонаи худро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин мавзейи тозабунёд баргузор хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар даромадгоҳи шаҳри Исфара пас аз таҷдид рамзи шаҳр насб мегардад