Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Тасдиқи “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020”

( 0 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 11 майи соли 2018, №183 Дар бораи тасдиқи “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расид.

“Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020” бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон қабул гардида, дар доираи он як қатор муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир карда мешаванд.

Тибқи қарори мазкур Раёсати фарҳанги вилоят, Идораи сохтмони асосии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷоизи зикр аст, ки айни замон дар вилоят 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 16 осорхонаи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона-музей, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли “Шашмақом”, 1 гуруҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон ва 1 ансамбли карнайнавозон фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раисив илояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тасдиқи “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020”