Хабарҳо
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад - 13.11.2018 14:57
“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат”-баргузории конфронс дар Мастчоҳ - 13.11.2018 14:19
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.11.2018 14:12
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Гулистон баргузор шуд - 13.11.2018 12:10
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56

Нахустин автобусҳои Тошканд ба Хуҷанд омаданд

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд ва меҳмонро дар шаҳри Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар маросими мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди байни ду мамлакат рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст, ки барои некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

- Кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад, — зикр намуд ӯ.

Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад. Нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайате, ки имрӯз аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овард, намояндагони илму адаб ва рӯзноманигорони мамлакати ҳамсоя шомил мебошанд. Сафари меҳмонон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ идома дорад ва дар назар аст онҳо то бегоҳ аз мавзеҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ дидан намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нахустин автобусҳои Тошканд ба Хуҷанд омаданд