Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя. Намояндагони ноҳияи Боткон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд

( 0 Овоз )

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад. Дирӯз як гурӯҳи зиёда аз 40 нафараи меҳмонон аз ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти сарварии ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов ба шаҳри Исфара ташриф овард.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва аҳли ҳунари шаҳр пазироӣ намуданд. Сипас, дар маҷмааи фарҳангии «Ориён» бо иштироки роҳбарияти ду ноҳияи ҳамсарҳад, раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, масъулини шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар раванди мизи мудаввар, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён дошт, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов ҳамзамон хоссатан зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, муносибатҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудааст. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷику қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон бояд идома дода шавад.

Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқае омаданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд ва нофаҳмию муноқишаҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд.

Ҳар ду ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ баён намуда, таъсиси гуруҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили «Ҳамсоягони нек»-ро омили муассире дар самти таҳкими ҳамкориҳо, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя. Намояндагони ноҳияи Боткон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд