Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ наздик ба 30 масъалаи муҳим баррасӣ гардид

( 0 Овоз )

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки дирӯз дар Душанбе доир  шуд, наздик ба 30 масъалаи муҳими вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод.

Тибқи хабари манбаъ, аъзои Шӯрои палатаи болоии Парлумони мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ 1 қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдории лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз 11 май дар Душанбе баргузор мегардад,  шомил намуданд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ наздик ба 30 масъалаи муҳим баррасӣ гардид