Хабарҳо
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад - 13.11.2018 14:57
“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат”-баргузории конфронс дар Мастчоҳ - 13.11.2018 14:19
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.11.2018 14:12
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Гулистон баргузор шуд - 13.11.2018 12:10
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон то ба санаи 10 май 85 фоиз иҷро шуд

( 0 Овоз )

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд то ба санаи 10 май 85 фоиз иҷро шуд.

То ба санаи зикршуда шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бӯстон, Гулистон, Зафаробод, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристон нақшаи муқарраршударо пурра иҷро намудаанд ва дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад.

Бояд гуфт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 12 марти соли 2018, №1036 ва дар асоси он қарори марбутаи Раиси вилоят ба тасвиб расида буд. Дар асоси Фармони мутазаккираи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел-майи соли 2018 шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон то ба санаи 10 май 85 фоиз иҷро шуд