Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт

( 0 Овоз )

10 майи соли ҷорӣ Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 11-00 дар Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор шуд.

Дар маросими видоъ теъдоди зиёди дӯстону пайвандон ва сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев иштирок намуда, аз саҳми марҳум дар рушди театру синамои тоҷик ва хислатҳои ҳамидааш ёдовар шуданд.

Ислом Саломов аз ҷумлаи ҳунармандони маъруфи тоҷик аст, ки беш аз 50 соли ҳаёти худро ба театр бахшидаву аз актёри одӣ то ба дараҷаи коргардони шинохтаи театр расидааст. Фаъолияти ҳунарии марҳум баъди хатми факултети актёрии Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд аз соли 1964 дар саҳнаи Театри  мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ Театри ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод) оғоз меёбад. Ислом Саломов баъдан дар Театри ба номи Вахтангови шаҳри Москва аз режиссёри маъруфи шӯравӣ — Артисти халқии РСФСР  Е. Р. Симонов ҳунари коргардониро омӯхта, тӯли фаъолияти бисёрсолааш  беш аз сад намоишномаро рӯи саҳна овардааст ва саҳми ӯ дар рушди театри тоҷик назаррас мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт