Хабарҳо
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47
ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд - 14.07.2018 22:33
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад - 13.07.2018 20:05
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:59
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.07.2018 19:56
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад - 13.07.2018 19:50

Ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 12-13 май ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 12-13 майи соли равон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии марказии вилоят, инчунин дар маркази шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Марҳамат ба ярмарка!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 12-13 май ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад