Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Мулоқоти шаҳрдори Исфара бо Оливер Норманд

( 0 Овоз )

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд ва ҳамроҳонаш - роҳбари миллии лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» Махфират Абдуллоева, ҳамоҳангсози лоиҳа Роҳбар Ҳомидова, муҳандиси лоиҳа Акмал Акбаровро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар ҷараёни мулоқот рафти амалигашти лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» дар деҳоти шаҳри Исфара, ки бо маблағгузории Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва саҳмгузории аҳолӣ, ки аз соли 2014 то инҷониб сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Тавре зикр гардид, дар раванди амалигашти лоиҳа аз 5283 хоҷагии оилавии мавҷудаи деҳот бо шумори 33475 нафар аҳолӣ, бо пайвастшавии инфиродӣ 3082 хоҷагӣ ва ё 26700 нафар сокинон аллакай бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардидаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳаи сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ ва Боғистони шаҳри Исфара 7 миллиону 979 ҳазору 451 сомонӣ буда, саҳми Котиботи байналхалқии захираҳои об 5 миллиону 340 ҳазору 451 сомонӣ ва саҳми аҳолии деҳоти номбурда 2 миллиону 639 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар раванди мулоқот Саломзода Сиҷоуддин ва Оливер Норманд пиромуни масъалаи зарурати ҷудо намудани қитъаи замини мувофиқ барои бунёди обанбор (2 ҳавзи обнигаҳдорӣ) дар деҳоти Кӯлканд ва ҳам оғози лоиҳаи «Барқарорсозии хати оби нӯшокии деҳаҳои Лаккон ва Даҳанаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара» бо арзиши лоиҳавии 4 миллион сомонӣ табодули назар намуданд.

Дар натиҷаи амалигашти лоиҳаи мазкур 1470 хонавода ё худ 7930 нафар сокинони деҳоти Лаккон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида, ҳамчунон хатҳои оби нӯшокӣ ва ташноби Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ аз нав барқарор карда хоҳад шуд.

Лоиҳа бо саҳмгузории Котибот дар ҳаҷми 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба миқдори 500 ҳазор сомонӣ ва 650 ҳазор сомонӣ саҳми аҳолӣ давоми соли равон амалӣ карда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти шаҳрдори Исфара бо Оливер Норманд