Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Таҷлили 73-юмин солгарди ҷашни Ғалаба дар Конибодом

( 0 Овоз )

Ҳамасола 9-уми май дар саросари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашни Ғалабаи бузург бар фашизми Германия ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Сокинони шаҳри Конибодом низ чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҷашни муқаддасро ботантана ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат дар майдони «Оташи абадӣ» бо ширкати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидокорони меҳнати ақибгоҳ, ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, сарварони ташкилоту муассисот, наврасону ҷавонон ва оммаи васеи аҳолӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт. Дар назди ҳозирин раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, кулли сокинони шаҳрро бо фаро расидани ҷашни бузурги Ғалаба шодбош гуфт. Зикр гардид, ки дар қатори дигар абармардон дар он айёми ҷанги хонумонсӯз зиёда аз шаш ҳазор сокинони шаҳр ба ҷанг рафта, аз онҳо 3 ҳазору 300 нафарашон барои озодии Ватан ҷони худро нисор намудаанд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Муҳассилини макотиби шаҳр дар васфи Ватан, шуҷоату мардонагии иштирокчиёни ҷанг ва ғалабаи бузург шеърҳо қироат карданд. Барномаи адабии муҳассилини макотиби шаҳр анҷомбахши чорабинии идона гардид. Пас аз ҷамъомади тантанавӣ барои иштирокчиёни ҶБВ дастурхони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили 73-юмин солгарди ҷашни Ғалаба дар Конибодом