Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Дар ДДҲБСТ таҳти унвони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ» - конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии олимон, муҳаққиқони ҷавон, магистрантон ва донишҷўён таҳти унвони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ» баргузор шуд.

Тавре аз раёсати ДДҲБСТ иттилоъ доданд, конференсияи илмӣ-амалӣ дар 27 бахш - назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналмилалӣ, ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятӣ, иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, менеҷмент, маркетинг-агробизнес, иқтисоди ҷаҳонӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, назарияи иқтисодӣ, забони тоҷикӣ, забони русӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва ревизия, андоз ва андозбандӣ, забони англисӣ, фанҳои риёзӣ ва таълими онҳо, системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ, системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда, муносибатҳои байналхалқӣ, забони англисии тахассусӣ, хадамоти гумрук, сиёсатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва таърихшиносӣ ҷараён гирифт ва зиёда аз 500 мақолаи устодон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин олимон дар маърӯзаҳояшон зикр доштанд, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар ин замина фароҳам овардани шароит дар рушди соҳа барои ҳунармандон такони ҷиддӣ хоҳад шуд. Дар пайванд бо гузоришоти илмии олимон вобаста ба масъалаҳои таҳқиқшуда, ҳамзамон зикр гардид, ки ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳо, мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ДДҲБСТ таҳти унвони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ» - конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд