Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Хуҷанд. Аёдати 7 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва 32 нафар заҳматкашони ақибгоҳ

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз, Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Ҳакимҷон Шарифзода, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд 7 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маблағи 4000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ ва кӯмакпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба маблагӣ 1200 сомонӣ тақдим намуданд.

Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва Ҳакимҷон Шарифзода, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд зимни сӯҳбат бо иштирокчиёни ҶБВ эшонро бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Бояд таъкид намуд, ки худи ҳамин рӯз ба 32 нафар заҳматкашони дар давраи ҶБВ фаъолиятдошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2200 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Аёдати 7 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва 32 нафар заҳматкашони ақибгоҳ