Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Дар Гулистон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд

( 0 Овоз )

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд.

Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба собиқадор ҳадяпулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ тақдим кард. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии Раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.

Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз тавлид ёфтааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват мешавад, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид иштирок дошт.

Барои ҷаросату қаҳрамонӣ Воҳид Самадов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дараҷаи аввал, «Шараф» - дараҷаи сеюм, ҳамчунин бо 15 медали гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофотонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Гулистон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд