Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоизаи «Килки Заррин»-и Афғонистон гардид

( 1 Овоз )

Шоираи маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоизаи озмуни «Килки Заррин»-и Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон гардид. Дар ин бора Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, озмуни «Килки Заррин» 23 апрели соли 2018 аз ҷониби Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон натиҷагирӣ шуда, ҷоизаи Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҷониби Мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Наҷибуллоҳ Маналай ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон барои расонидан ба шоира тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни «Килки Заррин» аз соли 2010 инҷониб бо ташаббуси Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон доир шуда, дар он ҳамасола шоирон ва нависандагони афғон бо пешниҳоди китоб ва шеърҳояшон иштирок мекунанд. Имсол дар ин озмун 30 адиби афғон иштирок доштанд. Бори нахуст китобҳо ва шеърҳои адибаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ дар ин озмун пешниҳод шуда, барандаи ҷоизаи «Килки Заррин» гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоизаи «Килки Заррин»-и Афғонистон гардид