Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ширкати 100 ҳунарманду устоҳои чирадаст озмуни "Дастони моҳир" доир шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни “Дастони моҳир” баргузор гардид.

Чорабинии асосии озмун дар назди хиёбони Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти маҳалливу ҷамоатҳо, фаъолон ва наздик ба 100 нафар ҳунармандону устоҳои чирадаст сурат гирифт. Дар озмун аз ҷониби косибону ҳунармандони чирадасти панҷ ҷамоати ноҳия беш аз 25 намуд маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба маърази иштирокдорону ҳакамони озмун гузошта шуд.

Дар баробари устоёни соҳибтаҷриба муҳассилини маҳфилҳои ҳунаромӯзии макотиби миёнаи ноҳия низ бо маҳсули меҳнати худ, аз қабили наққошиву чубкорӣ, рассомиву гулдузӣ ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмуни «Дастони моҳир», пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, махсусан рушд додани ҳунарҳои хос мардумии косибони маҳаллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ширкати 100 ҳунарманду устоҳои чирадаст озмуни "Дастони моҳир" доир шуд