Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

4 варзишгари Хуҷанд дар Абу Дабӣ ғолибият ба даст оварданд

( 0 Овоз )

Санаҳои 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб Чемипионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё сурат гирифт, ки аз вилояти Суғд 13 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, Муҳаммадалии Сафиоллоҳӣ мақоми аввал, Эраҷ Эминзода, Абдусалом Салимов ва Амриддин Абдукабирзода ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Ғолибонро дар фазои тантанавӣ намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳру вилоят, ҳамсинфон, мураббиён, волидайн дар назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истиқбол намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ғайр аз 4 нафари ғолибон, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 4 варзишгари Хуҷанд дар Абу Дабӣ ғолибият ба даст оварданд