Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

( 0 Овоз )

Э Ъ Л О Н

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

озмун эълон менамояд:

Муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олӣ ихтисоси иқтисодӣ бартарӣ дода  мешавад);

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини роҳбари  дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1800,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1041,00сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олӣ ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода  мешавад);

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1041,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд (ду воҳид)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси рӯзноманигорӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари  шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бартарӣ  дода  мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси  пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 733, 00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 733, 00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 733,00  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси муҳандиси соҳавӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси муҳандиси соҳавӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои сайёҳӣ ва иқтисодӣ бартарӣ  дода  мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-ҳатман донистани забони хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои сайёҳӣ ва иқтисодӣ бартарӣ  дода  мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-ҳатман донистани забони хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 733,00  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои сайёҳӣ ва иқтисодӣ бартарӣ  дода  мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-ҳатман донистани забони хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 603,00  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси вилояти Суғд;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроғаи  қабули   ҳуҷҷатҳо:

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 45, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 4, утоқи № 421 шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят, телефон  4-65-09, факс 4-65-10, нишонаи сомона sugd.tj, суроғаи электронӣ Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript .

Қабули ҳуҷҷатҳо   аз санаи  26 апрел  то 16 майи  соли 2018.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд