Хабарҳо
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао - 15.01.2019 17:06

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон кӯмакпулӣ тақдим мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба муносибати 73 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар кадоме аз иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2018, №160 ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор ҳамзамон ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945» сарфароз гардидаанд, ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон кӯмакпулӣ тақдим мешавад