Хабарҳо
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04
«Маданият ва қадрият»-и Абдуллозода ифротгароист - 16.10.2018 06:02
Ба беш аз 1600 нафар маъюбони гуруҳи 1 аз рӯи нобиноӣ 329 400 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим карда шуд - 15.10.2018 16:18
МАШ БАЧГАЛА ЦАРАНГ АҲВОЛАТ? - 15.10.2018 13:38
Население ГБАО поддерживает борьбу с криминалом - 15.10.2018 13:36
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» - 15.10.2018 13:17

Ёдгории таърихию фарҳангии «Мадрасаи Оим» аз таъмир бароварда мешавад

( 0 Овоз )

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва маблағгузории Сафоратхонаи ИМА ёдгории «Мадрасаи Оим» ба тармиму таъмир фаро гирифта шуд.

“Мадрасаи Оим” ёдгории таърихию меъмории асри 19 буда, солҳои 90-уми асри гузашта таъмир гардида буд. Бо вуҷуди ин, мадраса ба таъмири пурра ниёз дошт ва инак тибқи лоиҳаи «Ҳифз ва нигоҳдории Мадрасаи Оим» таъмир ва барқарорсозии ин иншооти нодири фарҳангӣ ва қадимаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Конибодом ҷараён дорад.

Татбиқи лоиҳа моҳи сентябри соли 2017 оғоз гашта, моҳи феврали соли 2019 ба итмом хоҳад расид. Айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти мазкур идома дорад. То имрӯз боми мадраса ва ҳуҷраҳо аз таъмир бароварда шуда, таъмири ду масҷиди дохили мадраса ва саҳни ҳавлии он ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки Мадрасаи Оим ҳамчун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳрасти силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи дарёи Сир шомил карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ёдгории таърихию фарҳангии «Мадрасаи Оим» аз таъмир бароварда мешавад