Хабарҳо
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04
«Маданият ва қадрият»-и Абдуллозода ифротгароист - 16.10.2018 06:02
Ба беш аз 1600 нафар маъюбони гуруҳи 1 аз рӯи нобиноӣ 329 400 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим карда шуд - 15.10.2018 16:18
МАШ БАЧГАЛА ЦАРАНГ АҲВОЛАТ? - 15.10.2018 13:38
Население ГБАО поддерживает борьбу с криминалом - 15.10.2018 13:36
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» - 15.10.2018 13:17

Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

25 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи чернобилчиёни вилояти Суғд ва аъзоёни оилаи бартарафкунандагони ин садама иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ дар суҳбат бо иштирокдорони чорабинӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати нафароне, ки барои наҷоти ҳазорҳо одамон ҷону саломатии худро дареғ надоштанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва аз ҷониби давлат баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии барқароркунандагони ин садамаи аср, тадбирҳои назаррас андешида мешавад.

Дар охир раиси ноҳия ба иштироккунандагони чорабинии мазкур кумакҳои молиявӣ расонид.

Хотиррасон менамоем, ки барои бартараф намудани паёмадҳои садамаи неругоҳи атомии барқии Чернобил аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 96 нафар сафарбар шуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров