Хабарҳо
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 16:22
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат-2018 - 17.01.2019 14:59
Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд - 17.01.2019 14:05
Муаррифии китоби тозанашри “Давлат, сиёсат, ҷомеа” дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд - 17.01.2019 10:45
Имсол як қатор нишастҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41

Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” ба 140 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд

( 0 Овоз )

Чанде қабл бахшида ба 140 - солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ нишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид ва сипас дар бахши навгониҳои илмӣ гузориши Шарифҷон Тоҷибоев-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида шуд.

Дар маърӯзаи Субҳон Аъзамзод-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки таҳти унвони “Садриддин Айнӣ - чеҳраи мондагори адабиёт, илм ва фарҳанг” ироа гардид, аз муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон ёдоворӣ шуд.

Абдураҳим Аминҷонов - дотсенти донишгоҳ дар мавзӯи “Устоди беназири ҳунар” суханронӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, сабк ва услуби ҳофизӣ, зинаҳои такомули эҷод, шӯҳрати ҷаҳонии Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуд.

Сипас, нависанда Додохони Эгамзод ва шоир Нарзуллои Азизиён андешаҳои худро доир ба ҳаёту фаъолияти Садриддин Айнӣ ва нақши маҳфили “Ганҷи сухан” дар тарбияи маънавии ҷомеа баён намуданд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ дар суханронии худ аз шӯҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуда, як шеъри худро қироат намуд.

Монтажи адабии донишҷӯёни факултети филология аз рӯзгори  устод Айнӣ, ки дар заминаи осори нависанда рӯи саҳна оварда шуд, ба маҳфил шукуҳи тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” ба 140 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд